Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки аз раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин дилсард шудааст, чун ба ин хулоса омадааст, ки Путин ба ҷанги Украина хотима намедиҳад. Трамп, ки шоми дери панҷшанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, инчунин гуфт, ки рӯзи ҷумъа бо раиси ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский гуфтугӯ хоҳад кард. Трамп, ки афсурдагиашро пинҳон намекард, гуфт:
“Фардо субҳи барвақт ман бо Зеленский гап мезанам. Медонед, ман аз сӯҳбате, ки имрӯз бо президент Путин доштам, бисёр ноумед шудам, чунки фикр накунам, ки ӯ дар андешаи хатми ҷанг бошад. Фикр накунам. Бисёр дилсард шудам. Бовар надорам, ки ӯ дар фикри хатми ҷанг бошад ва ин хеле бад аст”
Аз ин пеш ӯ гуфт, ки бо президенти Русия сӯҳбати телефоние дошт ва чунин дарк кард, ки дар самти талошҳои анҷом додани ҷанг ҳеҷ пешрафте ҳосил нашудааст.
Сӯҳбати телефонии шашуми президентони ИМА ва Русия аз замони сари қудрат баргаштани Трамп дар моҳи январи имсол - шоми 3 июл барпо шуд. Путин гуфтааст, ки аз “ҳадафҳояш дар ҷанги Украина даст намекашад” ва ин умедҳои Кохи Сафедро барои дастёбӣ ба оташбас дар паи чор соли ҷанг барбод медиҳад.
Русия дар талоши ишғоли Украина бо мақсади таҳти меҳвари худ даровардани ин кишвари соҳибистиқлол мебошад.
Юрий Ушаков, ёвари Путин ба хабарнигорон мӯҳтавои сӯҳбатро чунин хулоса кард: “Мавзӯи Украина баррасӣ шуд. Доналд Трамп бори дигар хатми билофосилаи амалиёти ҳарбиро дар миён гузошт. Владимир Путин аз тарафи худ таъкид кард, ки мо ҷустуҷӯи роҳҳалҳои сиёсӣ ва музокиротии низоъро идома медиҳем. Путин дар бораи пешрафтҳои ҳосилшуда дар заминаи созишҳои башарие, ки дар давраи дуюми музокироти мустақими Русияву Украина дар Истамбул ба даст омад, хабардор кард. Ӯ ҳамчунин аз омодагии Русия ба идомаи ҷараёни музокираҳо хабар дод”.
Доналд Трамп дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Айоваи Амрико гуфт, ки ӯ бо Путин инчунин мавзӯи Эронро баррасӣ кардаанд. Ин сӯҳбат тахминан як соат давом кард.
Трамп ваъда дода буд, ки ҷангро дар Украина ба ҳадафи марказии сиёсати хориҷии худ табдил медиҳад ва чанд ҳафта баъди 20 январ, санаи шурӯи даври дуюми президентиаш муколамаҳои муттасили дипломатии миёни Украина ва Русияро ба роҳ монд. Вале то ҳол ҳама талошҳои ӯ барои хатми ҷанг ва розӣ кардани Путин барои даст кашидан аз идомаи хушунатҳо натиҷа надодааст. Яке аз онҳо пешниҳоди оташбаси 30-рӯза буд, ки Украина онро пазируфт, вале Русия ҳеҷ гоҳ ба он розӣ нашудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, Путин бовар дорад, ки дар ҷанг дастболо мешавад ва аз ин хотир, барои хатми ҷанг зиёд манфиатдор нест. Артиши Русия дар ҳоли пешрафт дар самтҳои шарқии Украина аст ва ин ҷанг то ҳол бо талафоти азими ҷонию молӣ ба ҳамроҳ будааст. Бузургтарин дастоварди Русия дар давоми сол ин моҳи гузашта ду баробар зиёд кардани қаламравҳои ишғолшуда дар хоки Украина аз замони шурӯи ҷанг дар таърихи 24 феврали соли 2022 мебошад.
Хатми ёриҳо
Сӯҳбати телефонии Путин ва Трамп як рӯз баъди он сурат гирифт, ки Кохи Сафед тасдиқ кард, ки додани бархе намуди силоҳҳо ба Украинаро бас кард, чун, ба гуфтааш, захираҳои он тамом мешавад. Русия талаб дорад, ки чун бахше аз талаботи оташбас муттафиқони ғарбии Украина ироаи ёриҳои ҳарбӣ ба ин кишварро хотима диҳанд. Трамп рӯзи панҷшанбе, пеш аз он ки ба Айова парвоз кард, хабарҳо дар бораи хатми ирсоли силоҳҳо аз Амрико ба Украинаро рад намуд.
Ӯ гуфт, “на, мо бас накардем”. “Мо силоҳ мефиристем, вале мо силоҳҳои гуногун медиҳем. Мо силоҳ медиҳем ва бо онҳо кор мекунем, то ки ба онҳо ёрӣ расонем. Мо бояд дилпур бошем, ки барои худамон ҳам кифоят кунад”.
Матбуоти амрикоӣ навишт, таъхир ба таъмини мушакҳои дифои ҳавоӣ, тӯпхонаҳои нишонрас ва дигар таҷҳизот рабт дорад.
Сенатор Ҷин Шоҳин (демократ аз Ню Ҳемпшайр), ки як мқоми муҳим дар Кумитаи умури хориҷии Сенат мебошад, рӯзи 3 июл бо нашри изҳороте гуфт, ки намояндагони ҳарду ҳизб дар Сенат аз боздошта шудани ёриҳо “таконзада шуданд” ва талош дорад, ки қарори маъмуриятро тағйир диҳад. То ҳол Украина дар Конгресси ИМА аз ёрии ҳарду ҳизб бархӯрдор мебошад.
Шоҳин гуфт, ки мазмуни сӯҳбати телефонӣ баёнгари он аст, ки Путин Трампро ба “бозӣ кашидааст”.
Михаил Алексеев, профессори умури сиёсӣ дар Донишгоҳи Сан Диего дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мазмуни гуфтугӯи телефонии Трамп ва Путин баёнгари он аст, ки Путин дар мавзӯи Украина ба гузашт роҳ доданӣ нест.
“Мавқеи Маскав бетағйир ва ҳатто то ҷое шадидтар шудааст”, гуфт ӯ ва ба сӯҳбатҳои Путин дар ҳамоиши Санкт-Петербург ишора намуд, ки он ҷо ӯ мардуми ҷудогона будани украиниҳоро аз русҳо рад карда буд. “Онҳо фикр мекунанд, ки Трамп бояд аз Украина даст кашад. Агар чунин шуд, онҳо ҳеҷ баҳонае барое хатми ҷанг нахоҳанд дошт ва барои расидан ба ҳадафҳои аввалияи худ бештар пойфишорӣ хоҳанд кард”, гуфт Алексеев.
Ӯ афзуд, ки танҳо роҳи ҷиддан сари мизи гуфтугӯ баргардонидани Русия ин таъмини Украина бо ёриҳои бештар мебошад, то ки Русия дар фикри бо роҳҳои ҳарбӣ расидан ба пирӯзӣ дар ҷанг набошад. Чунин андешаро мутахассисон, инчунин мақомдорони зиёде дар ИМА, Аврупо ва Украина баён мекунанд.
Президенти Украина Владимир Зеленский аз ИМА батакрор тақозо дорад, ки силоҳи бештар бидиҳад ва Маскавро бо таҳримҳои сангинтару бештар ҷазо диҳад, то ки аз ин роҳ маҷбур шавад сари мизи гуфтушунид нишинад.
Аз замони шурӯи дубораи кораш ба ҳайси президенти ИМА, Трамп боре ҳам қарори ирсоли силоҳ ба Украина ва таҳримҳои нав болои Русияро имзо накардааст. Трамп гуфтааст, ки таҳримҳо ҷараёни музокираи сулҳро ба ҳам мезанад.
Дар сӯҳбати телефонии Трамп бо Зеленский рӯзи 4 июл мавзӯи хатми ёриҳои ҳарбӣ ба Украина дар маркази гуфтугӯҳо қарор мегирад.
Гуфтугӯ