Дар Озарбойҷон рӯзи 4 июл ҷаласаи 17-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мешавад ва дар кори он, аз ҷумла, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат мекунад. Раҳбари Тоҷикистон субҳи ҷумъа вориди шаҳри Боку шуд. Дар ҷаласаи 17-уми раҳбарони кишварҳои узви СҲИ инчунин мақомоти Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия ва Туркманистон иштирок мекунанд.
Дар иттилоияи расмии ин созмон гуфта шудааст, ки роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар маркази баррасиҳои ҷаласа қарор мегирад.
Ҷаласаи сарон ду рӯз - рӯзҳои 3 ва 4-уми июл дар шаҳри Хонкендии минтақаи Қаробоғи Озарбойҷон барпо мешавад.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як ташкилоти минтақавии байнидавлатӣ буда, соли 1985 таъсис шудааст. Ба узвияти он Туркия, Покистон, Эрон, Афғонстон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.
Ба иттилои расонаҳои мухталиф, дар ҳошияи ин ҷаласа бархе раҳбарони кишварҳо мулоқоти ҷудогонаи худро барпо мекунанд. Аз ҷумла, Ҳинду Покистон гуфтаанд, ки нахуствазирони ду кишвар бояд бо ҳам дидору гуфтугӯ кунанд ва ҳам мақомоти Туркманистон аз дидору гуфтугӯҳои вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва муовини раиси ҳукумати Толибон Абдулғанӣ Бародар хабар додааст. Ҳамкориҳои энерживу мухобиротӣ мавзӯи марказии ин гуфтугӯҳо будааст.
Дар бораи мулоқотҳои ҳошиявии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феълан хабаре нашр намешавад, вале ба иттилои сомонаи президент, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёнаш оид ба робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисоду савдо ва нақлиёт ҳамроҳӣ мекунанд.