Дар Тоҷикистон беш аз чил ҳолати гирифтории ҳайвонот ба бемории сӯхтанӣ сабт шудааст – Азия-Плюс

Табибони ироқӣ чорвои маҳаллиро аз назари гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ месанҷанд. Акс аз бойгонӣ

То 1 июл дар Тоҷикистон 41 ҳолати гирифтории ҳайвоноти хонагӣ ба бемории сӯхтанӣ сабт шудааст. Дар ин бора ба хабаргузории Азия-Плюс Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати бехатарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.

Ҷаъфаров гуфтааст, ки ба истиснои ВМКБ ва Рашт, ҳолатҳои ошкоршавии бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) дар дигар минтақаҳои кишвар сабт шудааст.

Мутахассис ин бемориро як «хатари мавсимие» номидааст, ки огаҳии ҷиддии сокинонро талаб мекунад, чун хатари аз ҷонварон ва инсон гузаштани он вуҷуд дорад.

Ӯ аз ҳама дастандаркорон, аз ҷумла, молдорон, қассобон, байторҳо ва дигарҳо даъват кардааст, ки гову гӯсфандҳои худро таҳти муоина қарор дода, бахусус пеш аз забҳ сиҳҳатии онро аз назар гузаронанд ва вақти куштани мол мутобиқ ба меъёрҳои санитарӣ амал кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чаҳор ҳолати гирифторӣ ба сиёҳзахм дар Алмато"80 кас сӯхтанӣ шуд." Марги 4 нафар аз бемории ҳории ҳайвонот. ВИДЕО