Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар шаҳри Душанбе табибони тоҷик як ҷавонеро аз марг наҷот доданд ва бо кӯмаки хоҳарарӯсаш. Хоҳари ҳамсари ин ҷавони бемор порае аз ҷигарашро ба домоди хонавода дод, ки солҳои дароз аз бемории ҷигар ранҷ мекашид.
Бо гарм шудани ҳаво ҳузури сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Тоҷикистон аз диди сайёҳон чӣ гуна аст ва феълан чӣ камбудҳое дар бахши сайёҳӣ дорад?
Парвозҳои миёни Душанбе ва Маскав баъди таъхири якрӯза барқарор шуданд. Дар ин бора матбуоти Русия ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 8 май бо такя ба маъмурияти фурудгоҳҳои Маскав ва Душанбе хабар доданд.
Матбуоти мустақил дар Тоҷикистон дар муҳосира аст. Ин хулосаи гузориши ахири созмони "Гузоришгарони бидуни марз" аст, ки мегӯяд, мавқеи ин кишвар дар Шохиси озодии матбуот то рафт бадтар мешавад.
Кумитаи сохтмон дастур додааст, ки ширкатҳои бинокор ҳангоми таҳрезии биноҳо насби панелҳои офтобиро ба назар гиранд. Яъне раҳбарони ширкатҳо аз ҳисоби худ бояд дар боми баландошёнаҳо панелҳои офтобӣ гузоранд. Мақомот мегӯянд, аз ин роҳ таъмини мардум бо нерӯи барқ осонтар мешавад, аммо то куҷо?
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда аз 7,4 дарсади ҳозира ба 6,8 дарсад поин хоҳад омад. Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон бо чунин арзёбӣ розӣ нест ва мегӯяд, тавсеаи иқтисод дар ду соли оянда аз 8 дарсад кам нахоҳад буд.
Ба дасти Радиои Озодӣ чанд видео расид. Дар онҳо мақомот деҳқононро барои кишти пахта маҷбур мекунанд. Рӯзи 21-уми апрел дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои шарҳи мавзуъ мактуби расмӣ талаб намуданд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми апрел ба синни 59 мерасад. Ин сиёсатмадор ва ҳуқуқдон имсол зодрӯзашро на дар канори зану фарзандон, балки дар кунҷи маҳбас мегузаронад. Ӯ ба 18 сол зиндон маҳкум шуд, вале худашу наздиконаш розӣ нестанд.
Муфаттишони пойгоҳи ҳарбии Русия дар шаҳри Душанбе пас аз ним сол баҳс парвандаи сарбоз Ян Букинро бастанд.
Мақомоти Тоҷикистон ба мусодираи амволи чеҳраҳои шинохтае шуруъ карданд, ки бо иттиҳоми кӯшиши табаддулот зиндонӣ шудаанд. Наздикони чанде аз маҳкумшудагон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо қарори мақомот розӣ нестанд.
Ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки аз 11-уми апрел маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон шабона аз байн бурда шуд. Маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2024 ҷорӣ шуда буд.
Мақомот дар Тоҷикистон бо сахттар кардани ҷазо мехоҳанд, ки дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро камтар кунанд. На ҳама бовар доранд, ки чунин шева роҳи ҳалли масъала аст.
Беш аз чиҳил нафар дар шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки ба ширкати бинокории "Салмон Иншоот" пул дода, аммо бо гузашти солҳо соҳиби манзил нашуданд. Онҳо мегӯянд, намояндагони ширкатро намеёбанд, то ба суолҳояшон посух гиранд. Дар Додгоҳи ноҳияи Сино гуфтанд, ки раиси ширкат зиндонӣ карда шудааст.
Муштариёни ширкати "Салмон-иншоот" дар шаҳри Душанбе аз фиреб хӯрданашон шикоят доранд. Ба гуфтаи сокинони норозӣ, ширкат як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Раиси ширкат зиндонӣ шуд, аммо сокинон маблағҳои худро пас гиранд.
Гурӯҳе аз сокинон дар Душанбе иддао доранд, ки соҳибкор Одинамо Давлатова бо ваъдаи овардани электромобил ё худравҳои барқии арзон аз тақрибан 80 кас ҳудуди 30 миллион сомонӣ гирифта, ваъдаашро иҷро накардааст. Ин зан ҳоло дар боздошт аст. Наздиконаш аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.
Баъди қарори ҳукумат дар бораи боло бурдани қимати нерӯи барқ Радиои Озодӣ назари чанде аз сокинон ва коршиносонро пурсид, ки оё тавони пардохти қимати болотарро доранд?
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Русия як сол боз аз писараш хабар надорад. Ҳар гоҳ хумори писараш гирад, ба Интернет рӯй меорад, то аксҳои ӯро бинад ва ё дар борааш маълумоте гирад, аммо чизи дилгармкунандае намеёбад.
Ёфтҳои бештар