Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Як духтар аз Тоҷикистон бори сеюм аст, ки дар риштаи бадансозӣ ё бодибилдинг қаҳрамони ҷаҳон мешавад. Ясмин ал-Нимр, ки дар Душанбе тамрин мегирад, мегӯяд, назарҳо ба бадансозии ӯ гуногун аст, аммо барояш ин муҳим нест, муҳим зиндагии солим ва ривоҷ додани бадансозӣ дар Тоҷикистон аст.
“Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ” рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Ин маърака имкон медиҳад, ки хоҳишмандон бо шароити таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ шинос шаванд ва роҳи ояндаи худро интихоб кунанд.
Як ҷавони сокини Душанбе мегӯяд, бо умеди осон кардани кораш фиреб хӯрд ва ҳам мавриди қаллобии як шиносаш қарор гирифт. Ҳамакнун, ӯ бо талоши ходимоҳи ҳифзи қонун талош дорад ҳақ ба ҳақдор бирасад.
“Шавҳар доред?”, “Ба наздикӣ ба шавҳар баромаданӣ нестед?”, “Чанд фарзанд доред?”, “Нияти боз таваллуд кардан надоред?”. Чунин суолҳоро бонувон дар Тоҷикистон ҳангоми ҷустуҷӯйи кор зиёд мешунаванд.
“Шавҳар доред? Ба наздикӣ ба шавҳар баромаданӣ нестед? Чанд фарзанд доред? Нияти боз таваллуд кардан надоред? Чунин саволҳоро занону бонувон ҳангоми ҷустуҷӯйи кор дар Тоҷикистон зиёд мешунаванд.
Саноат Шукурова, зани нобиноро дар шаҳри Ҳисор баъди 16 сол омӯзгорӣ ба нафақа фиристодаанд. Вай мегӯяд, қатъи назар аз дархостҳои зиёдаш, ӯро бо баҳонаи син аз шуғли дӯстдоштааш маҳрум карданд.
Бо шурӯи номнависӣ барои ширкат дар бахтсанҷии "Green Card", даҳҳо нафар дар Тоҷикистон бо умеди роҳ ёфтан ба Амрико ва кору зиндагӣ дар он кишвар дар пайи пур кардани ариза (барга дар бораи ҳувият ва аъзои хонавода) ҳастанд. Баъзе аз онҳо муҳоҷироне будаанд, ки аз Русия ронда шудаанд.
Ҳафтаи гузашта сабти ном барои ширкат дар озмуни "Green Card" ё корти сабзи Амрико шурӯъ шуд. Иёлоти Муттаҳида ҳар сол тавассути корти сабз барои даҳҳо ҳазор кас ҳаққи иқомату корро дар он кишвар фароҳам меорад. Ҳазорон зодагони Тоҷикистон бахти худро аз ин роҳ месанҷанд.
Хонаводаи Нуровҳо дар шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ки духтари ягонаашон – Мижгона Нуроваи 27-сола – "дар пайи хунукназарӣ ва иштибоҳи табибон" баъд аз таваллуди кӯдак дар бемористон ҷон бохтааст. Пизишкон мегӯянд, зан бемории музмин дошт.
Хонаводаи Нуровҳо дар шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ки духтари ягонаашон – Мижгонаи 27-сола – “дар пайи хунукназарӣ ва иштибоҳи табибон” баъди таваллуд дар бемористон ҷон бохтааст. Пизишкон мегӯянд, зан бемории музмин дошт.
Духтар аст ё писар? Дар Тоҷикистон бархе аз оилаҳои ҷавон ҳоло бо ташкили маросими махсусе ҷинси тифлеро, ки интизоранд, эълон мекунанд. Барои Тоҷикистон ин чизи нав аст, ҳарчанд ҳамоно оилаҳое ҳастанд, ки барои онҳо таваллуди духтар мояи хушҳолӣ ва ифтихор ба нест.
Чаро дар баъзе аз оилаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони таваллуд ба писар бартарии бештар медиҳанд? Дар барномаи “Салом, хоҳар” ба ҳамин масъала рӯй овардем. Дар остонаи рӯзи байнулмилалии духтарон, ки ҳар сол 11-уми октябр таҷлил мешавад.
"Ту дон, ки хоҳ район аст, хоҳ вилоят ё ҷумҳурӣ, ҳокими асосӣ котиби дуюм ҳисоб меёбад. Ҳамаи дигаргуниҳо, шикасту рехт, ки дар ҷумҳурӣ ба вуқуъ меоянд, котиби дуюм бо роҳу каналҳои махсус ба Маскав мерасонад, қоида чунин аст."
Ахиран расонаҳо аз нарм шудани робитаҳои Тоҷикистон бо Афғонистони зери раҳбарии Толибон хабар доданд. Тоҷикистон бо гузашти 3 сол бо Толибон муносибати дипломатӣ надорад, аммо ҳамкориҳои иқтисодиии худро ҳифз кардааст. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки робитаҳои ду кишвари ҳамсоя бояд чӣ гуна бошанд?
Пас аз чанд сол қарздорӣ ва "танаффус", ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки ҳавопаймоҳояшро дубора ба ҳаракат медарорад, аммо дар ҳоли ҳозир танҳо дар масири Душанбе-Хоруғ. Маълум нест, то куҷо комёб хоҳад шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, ки даромадро аз бахши ҷаҳонгардӣ бештар кунад. Ин рӯзҳо даҳҳо ширкати ҷаҳонгардӣ дар Душанбе дар доираи аввалин намоишгоҳи байнулмилалӣ имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд.
Чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор, ки сохтмони онро ба Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини Бонки миллӣ ва “Агроинвестбонк” рабт медоданд, ба фурӯш гузошта шудааст. "Харбуза" дар гузашта хусусӣ буд, вале дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузаштааст.
Вақтҳои охир дар “Инстаграм” видеоҳои зиёде дар бораи латукӯби ҳамсар, духтар ё зане нашр мешавад. Сабаб чист? Ҷабру ситам ба занону духтарон зиёд шудааст ё зиёд буду пинҳон мемонд? “Салом, хоҳар” бо ҳамин пурсишҳо ба чанд нафар рӯй овард.
Ёфтҳои бештар