Тасмими ҳукумат барои ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ барои телефонҳои ҳамроҳ, фурӯшандаҳо ва ҳам харидоронро нигарон кардааст. Ба гуфтаи тоҷирон, маблағи боҷи гумрукӣ болои арзиши телефон зам мешавад ва нархи дастгоҳ боло хоҳад рафт.
Ҳунарпешагони вилояти Суғд силсилаи намоишҳоеро рӯи саҳна оварданд, ки ба гуфтаашон, орӣ аз сонсур ё сензура буда, қарор аст, ба масъалаҳои рӯзи ҷомеа ҷавобгӯ бошанд. Ин силсилаҳо дар доираи ҳамоиши Drama.Lab бо дастгирии Конфедератсияи Швейтсария дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод шудаанд.
Як зани тоҷик мегӯяд, ду сол пеш аз Русия ихроҷ шуд ва дар ин муддат шавҳараш иҷоза намедиҳад, ки кӯдаконаш бо ӯ гап зананд. Шавҳар ва кӯдакони ин зан дар Русия ҳастанд. Шавҳараш мегӯяд, ба тамоси кӯдакон бо модар зид нест, вале ба Тоҷикистон бурдани онҳоро мақомоти Русия иҷоза надодаанд.
Ёфтҳои бештар