Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Ҷароҳати як толибилм дар занозании мактабхонҳо дар Душанбе

Яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Бар асари занозанӣ миёни мактабхонҳо дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, як нафар ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол дода шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодисаи занозанӣ миёни мактабхонҳо қабл аз зӯҳри рӯзи 27 окятбр гузашта сурат гирифтааст ва яке аз ин мактабхонҳо бо корди дар дасташ буда ба пойи хонандаи дигаре зада ва ёро маҷрӯҳ кардааст. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 4 нафар хонандагони синфи 11-и яке аз мактабҳои пойтахт ба гумони авбошӣ боздошт шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

навшуда

Нахустин дидори Раҳмон ва Пизишкиён баъди ҷанги 12-рӯзаи Эрону Исроил

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён дар Хонкендии Озарбойҷон. 4 июл
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён дар Хонкендии Озарбойҷон. 4 июл

Рӯзи 4 июл дар шаҳри Хонкендии Озарбойҷон мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён барпо шуд. Ин аввалин дидори ду раҳбар ва ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо баъди ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон мебошад, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) мебошад.

Тоҷикистон дар низои моҳи июн дар Ховари Миёна аз Эрон пуштибонӣ ва ҳамлаҳои ИМА ва Исроилро интиқод кард. Сомонаи президент навишт, “Дар робита ба ҳодисаҳои ахири дар кишвари дӯст рухдода, ҳамдардии самимии Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон ба кулли мардуми бародари Эрон иброз гардид”.

Каме дертар дар ҷараёни ҷаласаи СҲИ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъ дар Ховари Миёна гуфт, ки Тоҷикистон "ҷонибдори коҳиши шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад".


Ҷаласаи ҳайатҳои Эрону Тоҷикистон
Ҷаласаи ҳайатҳои Эрону Тоҷикистон

Ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, ҳайатҳо ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд. Президенти Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон “ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаманд мебошад”. Ҷонибҳо ба зарурати идомаи ҳамкориҳо аз рӯи мувофиқаҳои гузашта таъкид кардаанд.

“Фаъолияти Неругоҳи обии Сангтуда-2 ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардид”, омадааст дар хабар.

Душанбеву Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд. Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Қарзи "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва сарнавишти пулҳои тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ, баҳси дигари тарафҳо буд. Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Тоҷикистон дар садади истифодаи роҳҳои иртиботии Эрон ба хотири истифода аз бандари Чобаҳор аст.

Мизбони нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев
Мизбони нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев

Тоҷикистон ва Эрон моҳи феврали имсол раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро бекор карданд. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.

Инчунин рӯзи июл дидори президенти Тоҷикистон бо раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев барпо шуд, ки мизбони ҷаласаи 17-уми СҲИ мебошад.


Дар Тоҷикистон беш аз чил ҳолати гирифтории ҳайвонот ба бемории сӯхтанӣ сабт шудааст – Азия-Плюс

Табибони ироқӣ чорвои маҳаллиро аз назари гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ месанҷанд. Акс аз бойгонӣ
Табибони ироқӣ чорвои маҳаллиро аз назари гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ месанҷанд. Акс аз бойгонӣ

То 1 июл дар Тоҷикистон 41 ҳолати гирифтории ҳайвоноти хонагӣ ба бемории сӯхтанӣ сабт шудааст. Дар ин бора ба хабаргузории Азия-Плюс Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати бехатарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.

Ҷаъфаров гуфтааст, ки ба истиснои ВМКБ ва Рашт, ҳолатҳои ошкоршавии бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) дар дигар минтақаҳои кишвар сабт шудааст.

Мутахассис ин бемориро як «хатари мавсимие» номидааст, ки огаҳии ҷиддии сокинонро талаб мекунад, чун хатари аз ҷонварон ва инсон гузаштани он вуҷуд дорад.

Ӯ аз ҳама дастандаркорон, аз ҷумла, молдорон, қассобон, байторҳо ва дигарҳо даъват кардааст, ки гову гӯсфандҳои худро таҳти муоина қарор дода, бахусус пеш аз забҳ сиҳҳатии онро аз назар гузаронанд ва вақти куштани мол мутобиқ ба меъёрҳои санитарӣ амал кунанд.

Дар ҷаласаи сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ президенти Тоҷикистон ҳам иштирок мекунад

Соли 2023 ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Узбекистон барпо шуда буд
Соли 2023 ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Узбекистон барпо шуда буд

Дар Озарбойҷон рӯзи 4 июл ҷаласаи 17-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мешавад ва дар кори он, аз ҷумла, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат мекунад. Раҳбари Тоҷикистон субҳи ҷумъа вориди шаҳри Боку шуд. Дар ҷаласаи 17-уми раҳбарони кишварҳои узви СҲИ инчунин мақомоти Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия ва Туркманистон иштирок мекунанд.

Дар иттилоияи расмии ин созмон гуфта шудааст, ки роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар маркази баррасиҳои ҷаласа қарор мегирад.

Ҷаласаи сарон ду рӯз - рӯзҳои 3 ва 4-уми июл дар шаҳри Хонкендии минтақаи Қаробоғи Озарбойҷон барпо мешавад.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як ташкилоти минтақавии байнидавлатӣ буда, соли 1985 таъсис шудааст. Ба узвияти он Туркия, Покистон, Эрон, Афғонстон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Ба иттилои расонаҳои мухталиф, дар ҳошияи ин ҷаласа бархе раҳбарони кишварҳо мулоқоти ҷудогонаи худро барпо мекунанд. Аз ҷумла, Ҳинду Покистон гуфтаанд, ки нахуствазирони ду кишвар бояд бо ҳам дидору гуфтугӯ кунанд ва ҳам мақомоти Туркманистон аз дидору гуфтугӯҳои вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва муовини раиси ҳукумати Толибон Абдулғанӣ Бародар хабар додааст. Ҳамкориҳои энерживу мухобиротӣ мавзӯи марказии ин гуфтугӯҳо будааст.

Дар бораи мулоқотҳои ҳошиявии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феълан хабаре нашр намешавад, вале ба иттилои сомонаи президент, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёнаш оид ба робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисоду савдо ва нақлиёт ҳамроҳӣ мекунанд.

Трамп ва Путин телефонӣ суҳбат карданд

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико баъд аз як суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия гуфт, "гуфтугу бо Путин ҳеҷ пешрафте ба бор надошт". Суҳбати телефонии президентҳои ду кишвар шоми 3 июл тақрибан як соат идома кард. Ба навиштаи Кремл, Трамп бори дигар масъалаи қатъи сареи амалиёти низомӣ дар Украинаро матраҳ кардааст. Дар посух Владимир Путин омодагии Русияро ба раванди музокира хабар дода, аммо таъкид кардааст, ки Маскав аз ҳадафҳои худ даст нахоҳанд кашид. Доналд Трамп ба расонаҳо хабар додааст, ки гуфтугӯ "ҳеҷ пешрафте надоштааст" ва ӯ аз вазъи Украина "қонеъ нест". Трамп дар посух ба суолҳои хабарнигорон ҳамчунин гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина силоҳи зиёде дода, ин корро дар оянда низ идома медиҳад. Санаи мушаххаси даври сеюми музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Истанбул ва мулоқоти шахсии Трамп ва Путин низ баррасӣ нашудааст. Ба навиштаи расонаҳо, ҷонибҳо дар ин суҳбат вазъи Эрон, Сурия ва умуман Ховари Миёнаро баррасӣ кардаанд.

КДАМ-и Қирғизистон гурӯҳи калони қочоқчии силоҳро боздошт кард

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти як гуруҳи созмонёфтаи ҷиноие хабар дод, ки ба гуфтаи кумита ба қочоқи силоҳу муҳимоти ҷангӣ муттаҳам мешаванд.

Нӯҳ нафар аз узви ин гуруҳ ба он муттаҳам мешаванд, ки бо баҳонаи истифодаи аслиҳа дар замони муноқиша бо Тоҷикистон дар се соли пеш норинҷак ва дигар муҳимоти ҷангиро дуздида ба муштариёнашон мефурӯхтаанд.

Ба қавли Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон яке аз аъзои гуруҳ аз афсарони феълӣ ва дигаре - узви собиқи неруҳои марзбонии кишвар будаанд. Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки аз ин гуруҳ чаҳор норинҷак, туфанг ва дигар анвои тир мусодира кардаанд.

Маълум нест, ки боздошти ин афрод кай сурат гирифтааст ва назари худи муттаҳамон ба ҷиноятро наовардаанд.

Аз се кӯдаке, ки модарашон дар Қубодиён бо корд захмӣ кард, як нафараш дар ҳолати сангин қарор дорад

Рустои Қизилнишони ноҳияи Қубодиён. Акс аз соли 2015
Рустои Қизилнишони ноҳияи Қубодиён. Акс аз соли 2015

Мақомоти Қубодиён мегӯянд, ду кӯдаке, ки модарашон онҳоро бо корд зада, захмӣ кард, сиҳат шудаанд, вале аҳволи тифли яксолаи ӯ бад аст ва дар бахши эҳёгарӣ зери назари табибон нигаҳ дошта мешавад.

Модари тифлон Юлдуз Бозороваи 24-сола дар боздошт аст ва маълум нест, ки чаро қасди ҷони кӯдаконаш кардааст. Як сокини деҳаи Қизилнишон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Юлдуз Бозорова рӯзи 21-уми июн як тифлашро дар гаҳвора ва ду нафари дигарро дар рахти хобашон захмӣ кардааст ва дигар аъзои хонавода хабардор шуда, онҳоро ба бемористон бурдаанд.

Ҷузъиёти дигари парвандаи ин зан феълан маълум нест.

Видеои се кӯдаки маҷруҳу бистарӣ чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад ва хашму ҳайрати корбарони зиёдеро ба бор овард, кӣ чӣ гуна модаре қодир аст, чунин кореро дар ҳаққи фарзандони худ кунад.

Тифлони ӯ яке панҷ, дигарӣ 4-сола аст ва хурдӣ ҳанӯз яксола нашудааст. Модари кӯдаконро ҳамон рӯзи ҳодиса дастгир кардаанд.

Ин хабар дар ҳолест, ки бисёр сокинони Тоҷикистонро ҳодисаи ба дарё партофтани чор фарзанд аз ҷониби модарашон дар ноҳияи Фархор ваҳшатзада кардааст. Дар ин ҳодисаи мудҳиш кӯдакон ҳама нобуд шуда, модар зинда аз об берун ва мавриди боздошт қарор гирифтааст. Ин парванда аз рӯи моддаи "куштор" таҳқиқ мешавад.

Le Monde: Дар Фаронса як бонкдори бонуфузи узбекро гаравгон гирифтанд

Қаҳрамонҷон Олимовро аз фурудгоҳи Париж рабуда давоми ду рӯз ӯро бо талаби пул гаравгон гирифтанд
Қаҳрамонҷон Олимовро аз фурудгоҳи Париж рабуда давоми ду рӯз ӯро бо талаби пул гаравгон гирифтанд

Тибқи иттилои рӯзномаи фаронсавии Le Monde, рӯзи 23-юми июн дар маркази шаҳри Париж - пойтахти Фаронса, як шахси сарватманд ва намояндаи доираҳои бонуфузи молии Узбекистон — Каҳрамонҷон Олимови 48-сола рабуда шудааст.

Ӯ пас аз тақрибан ду рӯзи дар асорат буданаш баъди пардохти гаравпулие озод гардид. Мақомоти Фаронса ҳодисаро ҳамчун «гаравгонгирӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил» арзёбӣ намуда, як гумонбарро боздошт ва таҳқиқи ҳодисаро ба роҳ монданд.

Каҳрамонҷон Олимов ягона саҳмдори “Анорбанк”-и Узбекистон аст. “Анорбонк”, ба гуфтаи мақомоти узбек, беш аз 1 миллиард доллар сармоя дар ихтиёр дорад ва яке аз 10 бонки пешсафи кишвар дониста мешавад.

Қаҳрамонҷон Олимов рӯзи 21-уми июн аз фурудгоҳи Тошканд ба Париж парвоз карда буд. Ба навиштаи Le Monde, рабояндагон афроди ношинос буда, Қаҳрамонҷон Олимовро аз фурудгоҳи Париж дар дохили мошине ба як виллаи хусусӣ дар наздикиҳои шаҳри Нитса бурдаанд. Ӯ онҷо зери латукӯби шадид қарор гирифт. Ба гуфтаи табибони бемористони «Отел-Дйё» дар Париж, ӯ ҷароҳатҳои зиёд бардошта бистарӣ гардид.

Ҳанӯз мақомоти Фаронса нагуфтанд, ки Олимов бар ивази чӣ миқдор пул озод гардид ва рабояндагонаш киҳо мебошанд. Аз рӯи ин парванда тафтишот идома дорад.

Саудӣ барои "Роғун" ва роҳи ҳалқавии Кӯлоб $130 млн дод

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди саудии рушд Абдураҳмон Ал-Маршад.
Президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди саудии рушд Абдураҳмон Ал-Маршад.

Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди саудии рушд барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” 100 миллион ва ҳам барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дод. Дар ин бора рӯзи 3 июл сомонаи президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин замина рӯзи панҷшанбе мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон Ал-Маршад баргузор шуд ва ҳамкории Тоҷикистон бо ин бунёд мавзӯи асосии гуфтугӯҳо будааст.

Манбаъ менависад, ки раҳбарияти Тоҷикистону Фонди саудии рушд “маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об”-ро баррасӣ карданд.

Тоҷикистон то чанд соли пеш дувумин кишвари бузурги кӯмакгиранда аз Маркази имдодии Шоҳи Саудӣ дониста мешуд. Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак кардааст.

Додгоҳ ба USAGM дастур дод, ки пули моҳи июни Радиои Озодиро бипардозад

Ройс Ламберт, як додраси ноҳиявӣ дар Амрико рӯзи 2-юми июл ба Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико ё USAGM дастур дод, ки буҷаи моҳи июни Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро фавран дар ихтиёри ин расона гузорад.

Дар ҳукми худ додрас Оҷонсиро муваззаф кард, то маблағҳое, ки аз ҷониби Конгресс ба ин расона ҷудо шудаанд, барои моҳи июнро бипардозад.

Ин додрас гуфтааст, "USAGM тасмими музокира бо Радиои Озодиро надорад ва ҳеҷ гоҳ маблағҳои Конгрессро бидуни дахолати додгоҳ пардохт намекунад".

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми июл 75-умин солгарди нахустин пахши озмоишии худро ҷашн мегирад.

Рӯзи 14-уми март имсол USAGM ҳудуди 75 миллион доллар буҷаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро барои моҳҳои март-сентябри соли 2025 боздошт.

Ин кор пас як дастури президент Доналд Трамп анҷом шуд, ки фармон дода буд харҷи кори ҳафт идора, азҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо коҳиш дода шавад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин корро "ғайриқонунӣ" хонд ва алайҳи USAGM иқдоми қонунӣ кард.

Парвозҳо миёни Душанбе ва Машҳад оғоз мешаванд

Dushanbe airport
Dushanbe airport

Дар назар аст, шурӯъ аз фардо, 4-уми июл парвозҳо аз Душанбе дар масири Машҳади Эрон аз сар гирифта шаванд. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии эронии "Varesh Airline" хабар доданд.

Аз ин ширкат гуфтанд, дар ҳоли ҳозир парвозҳо танҳо ба шаҳри Машҳад буда, ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳо ба самти Теҳрон кай барқарор мешаванд. Қарор аст парвозҳо ба Машҳад ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом дода шаванд.

Дар пайи даргириҳо миёни Исроилу Эрон, парвозҳо дар фазои Эрон қатъ шуда буд. Ба шаҳрвандони Эрон, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, пешниҳод шуда буд, ки бо дарёфти раводиди Туркманистон тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.

Дар Тошканд намояндагии Euronews ифтитоҳ шуд

акс аз https://t.me/uzbekmid?start=pde5nyv
акс аз https://t.me/uzbekmid?start=pde5nyv

Бунгоҳи хабарию телевизионии Euronews дафтари намояндагии худро дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ кард. Дар ин бора рӯзи 1 июл дафтари матбуоти ВКХ Узбекистон дар саҳифаи телеграмаш хабар додааст.

Дар хабар омадааст, ки “Euronews – яке аз расонаҳои боэътибори ҷаҳонӣ расман дар Тошканд боз шуд. Ин ҳодисаи муҳим баёнгари боз ва омода будани Узбекистон ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аст ва шарики боэътимод будани он кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ намоиш медиҳад”.

Дар изҳороти расмӣ инчунин аксҳое аз маросими ифтитоҳи дафтари намояндагии ин расона нашр шудааст.

Ба иттилои дарёфтӣ, Euronews дар Тошканд як намояндагии Осиёи Марказии ин телевизион мешавад ва бештар дар мавзӯъҳои фарҳангу туризм барномаҳо таҳия хоҳад кард. Ҷузъиёти дигар феълан нашр намешавад, аз ҷумла ин ки оё дар Тоҷикистон ҳам дафтари намояндагӣ боз мекунад ё на.

Euronews як шабакаи бисёрзабонаи телевизионии Аврупо буда, қароргоҳаш дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст. Барномаҳои онро, ки дар бораи ҳаводиси ҷаҳон ва кишварҳои ҷудогона, аз ҷумла Русия ва Украина ҳам мавод таҳия мекунад, тавассути маҳвора ва ҳам шабакаи YouTube дар интернет дидан мумкин аст.

Марги ду низомии рус дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи гузашта ду шаҳрванди Русия ба ҳалокат расидаанд, яке ба гуфтаи мақомот худкушӣ кардааст, дигарӣ дар тасодуф ҷон додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода имрӯз хабар дод, ки Дамир Менклиеви 39-сола, корманди пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон “рӯзи 1-уми июл дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти Лучоб” дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ба дор овехтааст.

Сабабҳои худкушӣ маълум нест ва қазияро мақомот таҳқиқ мекунанд. Аз ин пештар ҳамин кумита эълон кард, ки Вадим Сиганов, сарбози пойгоҳи мазкур рӯзи 26-уми июн ҳангоми параплансаворӣ дар ноҳияи Варзоб ба замин афтода, ҷон додааст.

Ҷасади ӯро наҷотбахшони тоҷик аз як макони душворгузари кӯҳӣ пайдо карда ба хонаводааш супурдаанд. Пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии он кишвар дар хориҷ аст ва дар он тақрибан 7 000 сарбоз хидмат мекунанд.

Боздошти як сокини Душанбе барои рондани мошин ба сӯи милиса

Аҳлиддин Одинаев.
Аҳлиддин Одинаев.

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ронанда хабар дод, ки мошинро ба тарафи кормандони милиса ронда, "аз зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият истифода бурдааст".

Дар хабарномаи ин ниҳод аз рӯзи 2 июл омадааст, ки Аҳлиддин Одинаев дар "Бозори Корвон"-и Душанбе мунтазам қоидаҳои ҳаракатро вайрон намуда, дастури кормандони ҳифзи ҳуқуқро нодида мегирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ пас аз тафтиш ӯро боздошт карданд. Айни ҳол, ӯ дар ҳабси пешакӣ аст ва пулис алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, таҳқиқ давом дорад.

Назари худи ронанда ва наздиконаш ба ин қазия маълум нест.

Дар гузашта ҳам дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар мавридҳои ба тарафи кормандони милиса рондани мошин аз сӯи ронандагон, рух дода буд.

Дар як моҳ беш аз 230 ҳазор муҳоҷир аз Эрон ба Афғонистон бозгаштаанд

Муҳоҷирони афғон дар гузаргоҳи "Исломқалъа" дар марзи Эрон ва Афғонистон.
Муҳоҷирони афғон дар гузаргоҳи "Исломқалъа" дар марзи Эрон ва Афғонистон.

Созмони байналмилалии муҳоҷират эълон кард, ки дар моҳи июни имсол беш аз 230 ҳазор афғон аз Эрон ба Афғонистон баргаштаанд, ки аксари онҳо ба таври маҷбурӣ ихроҷ шудаанд.

Ин раванд дар ҳафтаҳои ахир шиддат гирифтааст, зеро Эрон барои ҳамаи муҳоҷирони бесанади афғон барои берун рафтан аз он кишвар то 6 июл муҳлат додааст.

Бо ин ҳол, Созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯяд, ки шумори ихроҷшудаҳо ҳатто пеш аз фаро расидани муҳлати муқаррарашуда ҳам боло будааст.

Ба гуфтаи сухангӯи ин созмон, байни 1 то 28 июн 234 ҳазор нафар ба Афғонистон баргаштаанд ва аз оғози сол то кунун 691 ҳазор афғон баргаштаанд, ки 70 дарсади онҳо ба зӯрӣ берун карда шудаанд.

Дар бархе рӯзҳои ҳафтаи гузашта, шумори бозгаштаҳо ба 30 ҳазор нафар дар рӯз расидааст.

Пешниҳоди Трамп ба бозбинии имтиёзҳои ширкатҳои Маск

Дар идомаи баҳсҳои лафзии миёни президенти ИМА ва раҳбари кулли ширкати Tesla, рӯзи 1 июл Доналд Трамп пешниҳод кард, ки идораи муассирияти кори ҳукумат (Department of Government Efficiency - DOGE) имтиёзҳои барои ширкатҳои Илон Маск додашударо бозбинӣ кунад. Изҳороти Трамп баъди он садо дод, ки Маск қонуни нав дар бораи андозҳову хароҷотро интиқод намуд.

Саҳмияҳои Tesla дар фурӯшҳои муқаддамотӣ 5% нархашонро аз даст доданд. Мухолифатҳои миёни Трамп ва Маск метавонад ба тиҷоратҳои яке аз сарватмандтарин шахсони сайёра осеби ҷиддӣ расонад.

Оҷонсии Рейтерс менависад, вазорати нақлиёти ИМА дар қабули қарори эҷоди роботакси аз ҷониби ширкати Tesla нақши муҳим дошта, инчунин SpaceX-и Маск бо қарордодҳои федеролӣ бо арзиши 22 миллиард доллар амалӣ мешавад.

Трамп дар Truth Social навишт: “Илон беҳтарин кӯмакпулиҳои давлатиро назар ба ҳар як инсони дигар дар сайёра ба даст меорад ва бидуни ин ёронаҳо, Илон шояд ҳама мағозаҳояшро баста ба Африқои Ҷанубӣ баргардад. Дигар мушаку маҳвораҳо парвоз нахоҳанд кард ва мошинҳои электронӣ истеҳсол намешаванд ва кишвари мо САРВАТИ зиёде захира хоҳад кард. Шояд ҳам DOGE ба ин чизҳо нигоҳи амиқе бикунад? ПУЛИ ЗИЁДЕ САРФА ХОҲАД ШУД!!!”.

Баҳси миёни президенти ИМА ва соҳибкори маъруф аввали моҳи июн шурӯъ шуд. Он замон Илон Маск зидди қонуни нав баромад, ки онро таҳлилгарон ҳам барои 3 триллион доллар хароҷоти иловагиаш интиқод карданд. Баъди як муддат хомӯш шудани баҳсҳо Маск рӯзи шанбе дубора қонунро танқид кард ва онро “харобкорона” номид. Ду рӯз баъдаш ба таъсиси ҳизби наве даъват намуд.

Интиқоди ахир дар муносибатҳои ду дӯсти наздик шикофи ҷиддие эҷод кардааст ва маълум нест, ки то куҷо танқидҳои Маск ба аъзои Конгресс дар қабули қонуни нав таъсиргузор хоҳад шуд.



Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG