Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон танаффус эълон шуд


Даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозии «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳосилот»-и Фархор ба поён расид.

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Ҳосилот” - бо ҳисоби 1 бар 0 хотима ёфт. Голи ягонаро Сундайя Лонжи Сонг дар дақиқаи 72-юм зад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот ду даста – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва “Вахш”-и Бохтар - бо 27-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо КМВА дар ҷойи аввал, “Вахш” дар ҷойи дуюм мебошанд. “Истиқлол”-и Душанбе, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 24 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудааст.

Бояд зикр намуд, “Вахш” ягона дастаест, ки то ҳоло ба мағлубият мувоҷеҳ нашудааст. “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ танҳо дастаест, ки дар мавсими имсола шаҳди ғалабаро начашидааст ва бо се имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Ба ин тартиб, дар мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон танаффуси тобистона фаро расид. Мусобиқот ибтидои моҳи август аз сар гирифта мешавад.

Аз 1-уми июл дар мусобиқоти имсолаи Лигаи олӣ равзанаи расмии гузариши тобистона оғоз гардид ва он то 28-уми июл идома хоҳад кард. Дар ин фосила тамоми бошгоҳҳои лигаи олӣ ҳақ доранд, ки бозигарони навро ба ҳайати худ ҷалб намуда, онҳоро расман ба қайд бигиранд.

Тибқи муқаррароти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастурамали Лигаи футболи кишвар, дар ин равзана дастаҳо метавонанд ҳам футболбозони дохилӣ ва ҳам легионерҳо (бозигарони хориҷиро) ба ҳайат шомил созанд, ба шарте ки шартнома бо онҳо дар доираи қонун ва қоидаҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ба имзо расад.

Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду марҳила барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025

Лигаи олӣ

Даври 13-ум

«Истаравшан» - «Ҳулбук» - 2:1

Голҳо: Масрур Қиёмиддинов, 15 (0:1), Ҷаҳонгир Сафаров, 70 (1:1), Сардорбек Саидов, 72 (2:1).

20-уми июн. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ

КМВА - «Панҷшер» - 5:1

Голҳо: Кевин НД, 11 (1:0), Ҷонибек Шарифов, 50 (2:0), Абдухалил Боронов, 82 (3:0), Анани Ҷулиус Кваси, 86 (4:0), Рамазон Чилаев, 90+2 (4:1), Муясар Мирзоев, 90+4 (5:1).

21-уми июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Равшан» - «Эсхата» - 0:0

21-уми июн. Кӯлоб. Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»

«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» - 1:2

Голҳо: Осуман Қосим - худгол, 17 (0:1). Алишер Ҷалилов, 32 (0:2). Шарафҷон Солеҳов, 78 (1:2).

22-юми июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

«Вахш» - «Хуҷанд» - 2:1

Голҳо: Сиёвуш Асроров, 5 (1:0), Тони Бикатал, 13 (2:0), Артём Сердюк, 66 (2:1)

23-юми июн. Бохтар. Варзишгоҳи «Вахш»

«Барқчӣ» - «Ҳосилот» - 0:1

Гол: Сундайя Лонжи Сонг, 72

28-уми июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

1КМВА (Душанбе)1383226-1227
2«Вахш» (Бохтар)1376021-1227
3 «Истиқлол» (Душанбе)1273215-724
4«Равшан» (Кӯлоб)1365216-823
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд)1361616-1719
6«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)1353515-1318
7«Эсхата» (Хуҷанд)1345419-1817
8«Ҳосилот» (Фархор)1343618-1915
9«Барқчӣ» (Ҳисор)1335513-1414
10«Истаравшан» (Истаравшан)1233616-2212
11«Ҳулбук» (Восеъ)1324712-2310
12«Панҷшер» (Балхӣ)1303108-303

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG